Умед дар байни душвориҳо

Шояд, дар ҳаёти шумо фоҷиае ба амал омадааст, шумо ноумед шудаед ва намедонед, ки чӣ тавр худро аз нав ба даст гирифта, ба пеш ҳаракат карданро давом диҳед. Ё саломатиатон хуб нест ва барои аз муоинаи духтур гузаштан имкон надоред. Ман хуб медонам, ки дар дунё бисёр одамоне ҳастанд, ки дар масъалаи озуқаворӣ танқисӣ мекашанд ва на ҳама вақт дилпур ҳастанд, ки фардо ғизое пайдо карда метавонанд.

Вақте ки мо бо душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавем, аксар вақт рӯҳафтода шуда, ба тақдирамон тан медиҳем. Вале аз ҳама кори беҳтарине, ки мо дар ин гуна вазъиятҳо ба амал оварда метавонем, – ин эътимод кардан ба Худо ва аз даст надодани умед. Пас, умед чӣ аст?

Умед – ин дилпурона интизор шудан ба он, ки дар ҳар гуна лаҳза барои мо ягон чизи хубе рӯй  дода метавонад. Он ба имон ва рӯҳияи мо сахт алоқаманд мебошад. Вақте ки мо аз умед пур ҳастем, ҳаёти мо аз шодӣ ва оромӣ пур мешавад.

Душман ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба мо ҳиссиёти ноилоҷиро талқин кунад, моро бовар кунонад, ки ҳама чиз аз даст рафтааст ва дар ҳаёти мо дигар ҳеҷ чизи хубе ба амал омада наметавонад. Вале Худо мехоҳад, ки мо бо умед зиндагӣ кунем, ба Ӯ эътимод намоем ва аз Ӯ баракатҳоро интизор шавем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Ӯ “Худои умед” аст, ва пур аз марҳамат буда, ба мо имкон медиҳад, ки ҳаётамонро аз саҳифаи наву тоза сар кунем (ниг. Румиён 15:13).

ТАРСРО МАҒЛУБ КУН!

ТАРСРО МАҒЛУБ КУН!

Шуморо ягон бор тарс боздошта буд?
Facebook icon Twitter icon Instagram icon Pinterest icon Google+ icon YouTube icon LinkedIn icon Contact icon